Имтиҳони навбатии наврасони тоҷик бар муқобили Исроил

Имтиҳони навбатии наврасони тоҷик бар муқобили Исроил

Дар доираи мусобиқаи "Ҷоми Рушд-2020" дар Минск, имрӯз, 21-уми январ бозиҳои даври дуюм баргузор мешаванд. Мунтахаби то 16-солаҳои Тоҷикистон, ки дар даври аввал тими миллии зери 17-солаҳои Исландияро шикаст дода буд, акнун бо мунтахаби Исроил (U-17) андари майдони рақобат мешавад. Ин дидор соати 14:00 ба вақти Тоҷикистон доир мегардад. Онро метавонед аз шабакаи "Футбол" мустақиман тамошо кунед.


"Ҷоми рушд-2020"
Гурӯҳи В | Даври дуюм
21-уми январ (сешанбе)
14:00 ба вақти Тоҷикистон 
Исроил (U-17) - Тоҷикистон (U-16)