Бозии рӯз: “Марв”- “Равшан”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: “Марв”- “Равшан”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз, 30-юми ноябр дар шаҳри Ашхобод бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор мешавад, ки дар доираи он бошгоҳҳои «Марв»-и Туркманистон ва «Равшан»-и Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ашхобод» баргузор шуда, соати 17:00 оғоз гардида, тариқи шабакаи “Варзиш” ба таври мустақим манзури ҳаводорон мегардад.

Пас аз чаҳор даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб ду имтиёз дорад. Қаҳрамони Қирғизистон «Абдиш-Ата» бо 10    имтиёз дар гурӯҳи «Е» пешсаф аст. Дастаи “Марв” дар гурӯҳи мазкур бо 2 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Алтин Асир” бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм аст.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 21-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 анҷом ёфта буд.