Рақобати Ян Непомняший ва Карлсен дар марҳилаи чорякниҳоии Speed Chess Championship

Рақобати Ян Непомняший ва Карлсен дар марҳилаи чорякниҳоии Speed Chess Championship

Дар марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа намояндаи Русия бар шоҳмотбози ҳиндӣ Арҷун Эригайси зафар ёфт. 

Баъди ин музаффарият шоҳмотбози рус Ян Непомняший иштирокчии марҳилаи чорякниҳоии шоҳмоти зудбозӣ таҳти унвони Speed Chess Championship гардид.

Дар даври 1/8 ниҳоӣ варзишгари 33-сола намояндаи Ҳиндустон Арҷун Эригайсиро бо ҳисоби 15,5:14,5 шикаст дода буд.

Дар марҳилаи навбатӣ Непомняший муқобили шоҳмотбози норвегӣ Магнус Карлсен бозӣ мекунад, нафаре, ки дар масири даҳ сол (2013-2023) қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмот буд.