Рафтори ғайриварзишии бозигари мунтахаби Парагвай нисбати Месси

Дар варзишгоҳи «Антонио Веспуччи Либерти (Монументал)» дар Буэнос-Айреси Аргентина бозии даври сеюми марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои Парагвай ва Аргентина доир шуд, ки бо пирӯзии аргентиниҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.
Дар вақти рақобат бозигари парагвайӣ Антонио Санабрия ба пушти ҳамлавари мунтахаби Аргентина Лионел Месси туф карда буд. Ин ҳолат дар пахши телевизионӣ намудор гардид. Қазия вақти ҷанҷолҳо миёни бозигарон рух дода, довар ба он ҳеҷ аксуламал нишон надод.
Баъди се бозии доиркарда мунтахаби Аргентина бо касби нӯҳ хол садринишини ҷадвали гурӯҳи хеш буда, мунтахаби Парагвай бо касби як хол дар зинаи ҳафтум қарор дорад.
Месси ба сафи «Интер Майами» тобистони соли 2023 баъди ду соли баромад дар сафи «Пари Сен-Жермен» гузариш намуда буд.