Ракеткаи якуми ҷаҳон ба финали Roland Garros 2023 баромад!

Ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози лаҳистонӣ Ига Швентек дар даври нимниҳоии мусобиқаи Roland Garros 2023 бидуни мушкили муқобили ракеткаи 14-уми ҷаҳон Беатрис Хаддад Майя аз Бразилия музаффарият ба даст оварда, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 11 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:4, 6:2 ба суди Ига Швентек анҷом ёфт.
Ҳамакнун, дар даври ниҳоӣ теннисбозӣ лаҳистонӣ муқобили ракеткаи 43-юми ҷаҳон Каролина Мухова аз Чехия сабқат мекунад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 10-уми июн доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023 аз 22-юми май то 11-уми июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 49 600 000 евроро ташкил медиҳад.