Ракитич бо футболи бузург хайрухуш кард

Ракитич бо футболи бузург хайрухуш кард

Нимҳимоятгари бошгоҳи "Севиля" – Иван Ракитич ба корномаи худ дар тими миллии Хорватия хотима бахшид. Бино ба маълумоти расмии саҳифаи "Твиттер"-и Федератсияи футболи Хорватия, бозингари 32-солаи қарор дода, ки дигар дар тими мунтахаб бозӣ намекунад. Ракитич сар аз соли 2007 дар ҳайати тими миллӣ бозӣ мекунад. Ӯ то ин дам дар тими мунтахаб дар 106 бозӣ ширкат варзида, 15 гол ба самар расонидааст.

Ракитич ҳамроҳ бо мунтахаби Хорватия   ба финали Ҷоми ҷаҳон, ки соли 2018 дар Россия баргузор шуда буд, роҳ ёфтанд, вале он ҷо онҳо аз тими мунтахаби Франсия бо натиҷаи 4:2 шикаст хӯрданд.