Рамирес дар 35 солагӣ ба корномаи варзишиаш хотима бахшид!

Рамирес дар 35 солагӣ ба корномаи варзишиаш хотима бахшид!

Собиқ футболбози дастаи «Челси» ва мунтахаби Бразилия - Рамирес дар 35 солагӣ аз футболи касбӣ канор рафт. Дар ин бора худи варзишгар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Дар корномаи варзишии худ Рамирес дар ҳайати “Челси” ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Лигаи Аврупо, Ҷоми Англия ва Премйер-Лигаи Англия шуда буд.

Рамирес дар баробари “Челси” ҳамзамон дар дастаҳои футболи “Крузейро”,  “Бенфика”, “Сзянсу Сунин”,  “Палмейрас”  низ бозӣ кардааст.

Дар маҷмӯъ, Рамирес дар корномаи футболбозиаш дар сатҳи бошгоҳҳо  494 бозӣ гузаронида, 73 гол ва 55 партофти головар  анҷом додааст. Ҳамчунин  Рамирес дар ҳайати мунтахаби  Бразилия  дар 51 бозӣ ба майдон баромадааст.