Рамос аз қатор уфтод

Рамос аз қатор уфтод

Ҳимоятгари “Реал” Серхио Рамос дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания зидди “Атлетико” (00, 4:1 – пен.) ҷароҳат бардошт. Дар ин бора "El Chiringuito TV" иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҳимоятгари “бошгоҳи шоҳона”, ки дар бозӣ бо “Ателико” пеналтии ҳалкунандаро ба ҳадаф расонид, буғуми пояш ҷароҳат бардошт. Интизорӣ меравад, ки ӯ 10-15 рӯз ба даста кӯмак карда наметавонад. Ҳамин тавр Рамос аниқ дар бозии чемпионати Испания зидди “Севиля” ба майдон намебарояд. Иштироки ӯ дар рақобат бо “Валядолид” бошад, зери суол аст.
Серхио Рамос дар мавсими ҷорӣ дар 18 бозии чемпионати Испания ба майдон баромада, 3 гол задааст.