Рамосро муҷозот ва бозӣ накардан бар муқобили "Барса" таҳдид мекунад

Рамосро муҷозот ва бозӣ накардан бар муқобили "Барса" таҳдид мекунад

Муҳофизатгари марказӣ ва сарвони дастаи “Реал Мадрид” - Серхио Рамос имкон дорад, ки дар бозии даври навбатии Чемпионати Испания, ки мадридиҳо бо “Барселона” бозӣ мекунанд, ба майдон набарояд. Рамос баъд аз бозӣ бо дастаи “Леванте” (1:0) аз кори доварон интиқод карда, яке аз омилҳои бохти дастаашро аз доварии нодурусти онҳо маънидод кардааст. Роҳбарияти Ла Лига гуфтаҳои муҳофизатгари “Реал” – ро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи ниҳоии худро дар рӯзҳои наздик хоҳад баровард. Эл-Классико 1-уми март баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки “Леванте” “Реал”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.