Рамуш рекорди Мбапперо дар “ПСЖ” такрор намуд

Рамуш рекорди  Мбапперо дар “ПСЖ” такрор намуд

Қаҳрамони феълии Лигаи чемпионҳо дастаи “ПСЖ” дар бозии даври аввали марҳилаи умумии мусобиқа бо ҳисоби 4 бар 0 муқобили “Аталанта” пирӯзӣ ба даст овард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и шаҳри Парижи Фаронса доир гардид.

Ҳамлагари португалӣ Гонсалу Рамуш аз захира ба майдон баромад ва голи 16-умашро барои “ПСЖ” ба самар расонид. Бо ин гол Рамуш ба дастоварди Килиан Мбаппе баробар шуд, яъне бештарини голҳоеро, ки бозигарони ивазшуда дар таърихи клуб задаанд. Дар ин бора, Opta хабар додааст.

Рамуш аз соли 2024 дар ҳайати “Пари Сен-Жермен” бозӣ мекунад. Шартномаи ҳамлагар бо парижиҳо то соли 2028 эътибор дорад. Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар 11 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо иштирок намуда, ба задани 3 гол даст ёфтааст.

Дар бозии навбатии Лигаи чемпионҳо “ПСЖ” бо “Барселона” рақобат мекунад, дар ҳоле ки “Аталанта” бо “Брюгге” бозӣ хоҳад кард. Бозиҳо мутаносибан 1-уми октябр ва 30-юми сентябр баргузор мешаванд.