Рашид Раҳимов ба футбол бармегардад

Рашид Раҳимов ба футбол бармегардад

Сомонаи расмии «Чемпионат» хабар медиҳад, ки нобиғаи футболи тоҷик собиқ сармураббии дастаи «Аҳмат» - Рашид Раҳимов эҳтимол аст, рӯзҳои наздик сармураббии дастаи “Химки” гардад. Сарчашма менависад, ки сармураббии дастаи “Химки” ба наздикӣ аз мақомаш барканор мешавад. Дар мавсими ҷорӣ дастаи “Химки” дар Лигаи якуми Россия зинаи дуюмро соҳиб шуда, роҳхати Премйер-лигаи Россияро соҳиб гардид.

Рашид Раҳимов қаблан дар дастаҳои “Адмира“-и Австрия, «Локомотив», «Амкар» ва «Аҳмат» ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намудааст.