Рашид Раҳимов нахустин бозиашро дар ПЛР анҷом дод

Рашид Раҳимов нахустин бозиашро дар ПЛР анҷом дод

Дар вохӯрии даври 11-уми Премйер-Лигаи Россия дастаи мутахассиси тоҷик Рашид Раҳимов тими “Уфа” бо бошгоҳи “Локомотив” дидор анҷом дод. Набарди тимҳо баробар сурат гирифта, як иштибоҳи дарвозабони “Уфа” боис шуд, ки ҳисоб 1:0 ба суди мизбонон шавад. Ягона голи ин вохӯриро дар дақиқаи 67-ум Гжегож Криховяк муаллифӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки ин нахустин бозии “Уфа” таҳти сармураббигии коршиноси тоҷик Рашид Раҳимов мебошад.