РАСМАН: ҲАБИБ ТАРКИ UFC КАРД

РАСМАН: ҲАБИБ ТАРКИ UFC КАРД

Ҳабиб Нурмагомедов размовари рус баъди пирӯзӣ бар Ҷастин Гэтжи дар доираи рақобати UFC-254 аз хотимаи фаъолияташ дар риштаи UFC расман иттилоъ дод.

«Ин охирин набарди ман буд», — гуфт Ҳабиб баъди муваффақият.

Ҳабиби 32 сола сар аз соли 2008 то имрӯз дар ММА разм мекард. Дар ин муддат ӯ 29 разм баргузор кардааст, ки дар ҳамаи размҳояш рақибонашро дучори бохт кардааст.