Расман: Артур Рамос бозигари нави «Ювентус»

Расман: Артур Рамос бозигари нави «Ювентус»

Сомонаи расмии бошгоҳи «Барселона» аз гузариши ниммуҳофизатгари бразилии даста Артур Рамос ба тими «Ювентус» эълон кард. Маблағи гузариш 72 млн евроро ташкил медиҳад. Ин маблағ шояд бо 10 млн дигар дар ҳаҷми иловапули зиёд гардад. Артур пас аз хотимаи мавсим ба дастаи наваш ҳамроҳ мешавад. Мело соли 2018 аз тими «Гремио» бо қиммати 31 млн евро шомили «Барселона» гардида буд. Дар мавсими ҷорӣ хавбеки 23 сола 21 бозӣ доир намуда, ба задани 3 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.

Эҳтимол аст, ки дар соатҳои наздик «Барселона» низ аз гузариши футболбози 30 солаи «Ювентус» Миралем Пянич иттилоъ диҳад.