Расман: Бензема як сол аз озодӣ маҳрум шуд

Расман: Бензема як сол аз озодӣ маҳрум шуд

Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема дар пас задани (шантаж) шаъну шарафи нимҳимоятгари “Олимпиакос” Матё Валбуэна гунаҳкор дониста, ба як соли зиндон ва 75 ҳазор евро ҷарима маҳкум шуд, хабар медиҳад Get French Football News.

Бензема дар парвандаи шантажи нимҳимоятгари “Олимпиакос” Матё Валбуэна бо видеои маҳрамона айбдор дониста мешавад. Тафтишот бар ин назар аст, ки Бензема дар соли 2015 ба ҳайси миёнарав баромад карда, шарики худ дар тими миллии Фаронсаро барангехт, ки ба шантажчиён пул пардохт кунад, то ин наворро нашр накунанд. Бар асари ҷанҷол ҳарду бозигар аз ҳайати тими миллии Евро-2016 даъват нашуда буданд.