Расман: Бейл аз "Реал" рафт

Расман: Бейл аз "Реал" рафт

Сомонаи расмии дастаи "Тоттеҳэм Ҳотспур" дар бораи гузариши ҳамлагари "Реал Мадрид" – Гарет Бэйл ба ҳайати даста хабар дод. Бейл дар "Тотенҳэм" ба таври иҷора бозӣ хоҳад кард.

Бейл тобистони соли 2013 аз "Тоттенҳэм" ба "Реал Мадрид" гузашта буд. Маблағи гузариш 101 миллион евро буд. Дар мавсими гузашта ҳамлагари 31-солаи уэлсӣ дар 16 бозии Чемпионати Испания иштирок карда, ба задани 2 гол ноил гардид ва 2 партофти головар низ анҷом дод.