Расман: "Челси" ниммуҳофизатгари “Аякс”-ро харидорӣ кард

Расман: "Челси" ниммуҳофизатгари “Аякс”-ро харидорӣ кард

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Аякс” Ҳаким Зиеш ба дастаи лондонии “Челси” гузариш кард. Дар ин бора сомонаии расмии “ашрофзодаҳо” иттилоъ медиҳад. Маблағи гузариши бозигар 45 млн евроро ташкил медиҳад. Футболбоз моҳи июли соли ҷорӣ ба даста пайваст хоҳад шуд.

“Челси” мақсад дошт, ки Ҳакимро ҳамин замистон харидорӣ намояд, аммо роҳбарияти “Аякс” хост, то ки бозигар то анҷоми мавсим дар Амстердам боқӣ монад.

Дар ин мавсим Ҳаким Зиеш дар 18 бозии Чемпионати Ҳолланд ба майдон омада, ба задани 6 гол ва 12 партофти натиҷаовар даст ёфтааст.