Расман: Игуаин дастаашро иваз кард

Расман: Игуаин дастаашро иваз кард

Ҳамлагари собиқи бошгоҳи "Ювентус" – Гонсало Игуаин бо дастаи "Интер Майами" шартнома бастааст. Дастаи амрикоӣ дар ин бора дар Твиттери худ хабар дод. Санаи 17 сентябр "Ювентус" ва Игуаин бо хоҳиши тарафайн шартномаи ҳамкориро қатъ карданд. Гонсало ба ҳайси футболбози озод ба "Интер Майами" пайваст. Ҳамлагар аз соли 2016 инҷониб дар "Ювентус" бозӣ мекард. Ҳамлагари 32-сола дар ҳайати "туриниҳо" 149 бозӣ гузаронида, 66 гол зада, 16 партофти головар анҷом додааст.