РАСМАН. Илкай Гюндоган ба «Манчестер Сити» баргашт

РАСМАН. Илкай Гюндоган ба «Манчестер Сити» баргашт
Нимҳимоятгари олмонӣ Илкай Гюндоган дастаи «Барселона»-ро тарк карда, расман ба «Манчестер Сити» баргашт.Хосеп Гвардиола ба ин трансфер розӣ шуд. Шартнома бо футболбоз то моҳи июни соли 2025 тамдид карда шуд. Футболбоз ҳамчун агенти озоз аз “Барселона” ба “Манчестер Сити” гузашт .Гюндоган тобистони соли 2023 аз Манчестер Сити ба Барселона гузашт. Дар 51 бозӣ дар ҳайати каталониҳо 5 гол ва 14 ассист ба номаш сабт кардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан нимҳимоятгари 33-сола аз тасмими худ дар бораи хотима додани бозӣ дар тими миллии Олмон хабар дода буд.