Расман: Хави аз “Барселона” барканор карда шуд!

Бошгоҳи «Барселона» хабар медиҳад, ки Хави аз мақомаш барканор карда шуд. Ин тасмимро президенти даста Жоан Лапорта гирифта, нисфирӯзии имрӯз онро расонаӣ кард.
Хави аз моҳи ноябри соли 2021 сармураббии дастаи “Барселона”аст. Ҳамагӣ як моҳ пеш роҳбарияти каталония итминон дода буд, ки мутахассиси 44-сола дар мавсими оянда ҳамкориро бо даста идома медиҳад.
Ба навиштаи расонаҳо, Ҳанс-Дитер Флики олмонӣ сармураббии нави “Барселона” мешавад. Бози муқобили «Севиля» охирин бози барои Хави ҳамчун сармураббии «Барселона» мебошад.