Расман: Конте сармураббии “Наполи” таъйин шуд

Мутахассиси 54 солаи итолиёвӣ Антонио Конте сармурабии нави «Наполи» таъйин шуд. Шартнома то соли 2027 ба тасвиб расид!
Охирин ҷои кори итолиёвии 54-сола «Тоттенҳэм» буд, ки соли 2023 аз он хориҷ шуда буд.
Дар Италия - Конте мураббии «Интер», «Ювентус», «Сиена», «Аталанта», «Бари» ва «Аретсо»-ро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2014 то соли 2016 Антонио Конте тими миллии Италияро роҳбарӣ мекард.