Расман: Луис Энрике ба вазифааш баргашт

Расман: Луис Энрике ба вазифааш баргашт

Луис Энрике ба таври расмӣ ба ҳайси сармураббии мунтахаби Испания дубора таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболаи Испания хабар медиҳад.

Хабари ба ҳайси сармураббӣ таъйин шудани Луис Энрикеро президенти Федератсияи футболаи Испания - Луис Рубиалес эълон кард.

Ёдовар мешавем, ки Энрике якчанд моҳ қабл бар асари бемории ҷигарбандаш, ки охирҳои моҳи сентябр бар асари бемории саратон ин дуёро падруд гуфта буд, курсии сармураббии яккачини Испанияро тарк намуда буд.

Мунтахаби Испания аллакай роҳхати бозиҳои Евро-2020-ро соҳиб гардидааст. То ин дам Морено мунтахаби Испанияро роҳбарӣ мекард.