Расман: Оливйе Жиру футболбози нави “Милан”

Расман: Оливйе Жиру футболбози нави “Милан”

Сомонаи расмии дастаи “Милан” аз гузариши ҳамлавари дастаи “Челси” Оливйе Жиру расман иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки фаронсавии 34 сола дар дастаи наваш таҳти шумораи 9 бозӣ мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки қарордод байни даста ва футболбоз то соли 2023 баста шудааст. Маблағи гузариш 1 млн евроро ташкил медиҳад.