Расман: «ПСЖ» ситораи «Интер»-ро харидорӣ кард

Расман: «ПСЖ» ситораи «Интер»-ро харидорӣ кард

Ҳамлавари аргентинии бошоҳи “Интер” Мауро Икарди бо дастаи «Пари Сен-Жермен» қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи шаҳри Париж иттилоъ медиҳад. Қарордоди нав байни даста ва форвард то 30-юми июни соли 2024 баста шудааст.

Икарди аз моҳи сентябри соли 2019 то имрӯз ба ҳайси иҷора дар ҳайати қаҳрамони феълии Фаронса ҳунарнамоӣ мекард. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо “ПСЖ” барои ситораи “Интер” 55 млн евро пардохт намудааст. Мауро дар 31 бозии “ПСЖ” иштирок намуда, ба задани 20 гол даст ёфтааст.

Аргентинӣ аз соли 2013 шарафи дастаи шаҳри Миланро ҳимоя мекард. Дар ҳайати ин тим Икарди 188 вохӯрӣ анҷом дода, 111 голро марбути номи хеш намудааст. Пас аз омодани сармураббӣ - Антонио Конте таваҷҷуҳ нисбати Мауро кам шуд аз ҳамин лиҳоз форварди аргентинӣ хост, ки то дар “ПСЖ” боқӣ монад.