Расман: Пянич футболбози нави «Барселона»

Расман: Пянич футболбози нави «Барселона»

Бошгоҳи «Барселона» дар сомонааш аз гузариши хавбеки «Ювентус» - Миралем Пянич расман иттилоъ дод. Бошгоҳи каталонӣ барои харидории футболбоз ба дастаи «Ювентус» 60 млн евро ва боз 5 млн еврои дигар иловапулӣ пардохт мекунад. Қарордод байни даста ва бозигар то соли 2024 баста шудааст. Ҳар дастае, ки харидори Пянич мешавад, бояд ба хазинаи “нилунориҳо” 400 млн евро пардохт кунад. Миралем сар аз мавсими нав ба дастаи «Барселона» ҳамроҳ мешавад. Хотиррасон мекунем, ки қаблан Артур Рамос бо арзиши 72 млн евро ба дастаи «Ювентус» гузариш намуда буд.

Миралем Пянич соли 2016 аз тими “Рома” бо арзиши 32 млн евро ба дастаи “Ювентус” гузариш намуда буд. Дар ин мавсим футболбози 30 сола дар 24 бозии “Ювентус” ширкат намуда, ба задани 3 гол ва 2 паси головар даст ёфтааст.