Расман: Сармураббии "Валенсия" истеъфо дод

Расман: Сармураббии "Валенсия" истеъфо дод

Сомонаи расмии дастаи “Валенсия” хабар медиҳад, ки сармураббии дастаи - Хави Грасия аз мақомаш истеъфо дод. Ин воқеа дар ҳоле рух дод, ки дастаи Хави Грасия рӯзи гузашта аз дастаи “Барселона” бо ҳисоби 3:2 дучори бохт гардид. Ногуфта намонад, ки дастаи “Валенсия” дар шаш бозии охираш шаҳди пирӯзӣ намечашад. Хави Грасия қаблан дар дастаҳои “Осасуна”, “Малага”, “Рубин” ва “Уотфорд” ба ҳайси сармураббӣ адои вазифа намудааст.