Расман: Стефано Пиоли сармураббии нави дастаи “Ал-Наср”

Расман: Стефано Пиоли сармураббии нави дастаи “Ал-Наср”

Дирӯз сармураббии дастаи “Ал-Наср” Луиш Каштру аз симати сармураббигӣ барканор карда шуд.Чанде пеш Фабрисио Романо хабр дод,ки сармураббии собиқи Милан Стефано Пиоли ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунад, то ниҳоят бо дастаи “Ал-Наср” шартнома ҳамкори ба имзо расонад.

Шартнома бо Пиоли то тобистони соли 2026 бо имкони тамдиди як соли дигар амал мекунад. Мураббии итолиёвӣ дар Арабистони Саудӣ дар як мавсим 8 миллион евро ва бонусҳо ба даст меорад.

Ёдовар мешавем,ки дастаи “Ал-Наср” мавсими нави Лигаи бартари Арабистони Саудиро бо 2 мусовӣ ва 1 ғалаба оғоз кард. Дар даври 1-уми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бошад ин даста бо тими“Ал-Шорт”-и Ироқ бо ҳисоби 1:1 бозиро мусовӣ ба анҷом расонданд.