Расман: Варан ба «Манчестер Юнайтед» гузариш кард

Расман: Варан ба «Манчестер Юнайтед» гузариш кард

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар сомонаи расмиаш аз гузариши дифоъгари фаронсавии дастаи шоҳонаи «Реал Мадрид» - Рафаэл Варан хабар дод. Фаронсавӣ бо дастаи наваш баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ шартнома ба имзо мерасонад. Хотиррасон мекунем, ки Рафаэл Варан сар аз соли 2011 ин ҷониб шарафи “гаразмониҳо”-ро ҳимоя мекард. Дар ин фурсату фосила Варан бо “Реал” се бор қаҳрамони Испания, се дафъа барандаи Шоҳҷоми кишвар ва инчунин чор маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардидааст.