Расмгузориш аз ҷараёни бозии «Истиқлол» ва «Ал-Аҳлӣ»
Қаҳрамони Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин ҳунарнамоиаш дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 бар зидди яке аз пурқувватарин тимҳои Осиё «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дод. Вохӯрии бошгоҳҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз доир шуда, бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт. Дар чунин мусобиқа ва бо чунин дастаи қаввӣ мусовӣ намудан кори осон нест. Дар ин дидор намояндаи Тоҷикистон тамоми кӯшишу талошашро ба харҷ дода, то аз беҳтарин дастаи АМА имтиёз ситонад.