“Равшан” аз “Абдиш-Ата” боз мағлуб шуд ва имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод

Имрӯз, 9 –уми ноябр дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Бишкек бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни бошгоҳҳои «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон ва «Равшан»-и Тоҷикистон баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди мизбонон анҷом ёфт.
Ягона голи вохӯриро Айзар Акматови 25 сола аз ирсоли головари Атай Ҷумашев истифода бурда, дар дақиқаи 49-ум ба самар расонид. Ҳамин тавр, дастаи «Равшан» боз аз «Абдиш-Ата» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО мағлуб шуд ва пас аз ин нокомӣ дастаи «Равшан» имкони аз гурӯҳ баромаданро комилан аз даст дод.
Пас аз чаҳор даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб ду имтиёз дорад. Қаҳрамони Қирғизистон «Абдиш-Ата» бо 10 имтиёз дар гурӯҳи «Е» пешсаф аст.
Рӯзи 26-уми окятбр вохӯрии дастаҳои “Равшан” ва “Абдиш – Ата” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди меҳмонон анҷом ёфта буд.