“Равшан” муқобили “Ал-Вақра” бо пироҳани сурху сафед бозӣ мекунад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё миёни дастаҳои "Равшан" ва "Ал-Вақра" –и Қатар баргузор гардид.
Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Вақра» ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуд.
Мизбонони рақобат футболбозони «Равшан» бо пироҳанҳои сурху сафед ва дастаи меҳмон «Ал-Вақра» бо либосҳои зарду сабз ба майдон мебароянд.
Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал-Вақра»-и Қатар , пагоҳ 2-юми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе аст.