“Равшан” ва “Хуҷанд” дар Ҷоми КФО бо ҳам бозӣ намекунанд

“Равшан” ва “Хуҷанд” дар Ҷоми КФО бо ҳам бозӣ намекунанд

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 муайян кард.
Имсол шумораи иштирокчиёни Ҷоми КФО дар минтақаи марказӣ зиёд гардид. Ҳоло дар ин минтақа ба ҷуз аз намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон, як клуб аз Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ҳафт дастаи Осиёи Марказӣ дар Ҷоми КФО-2021 рақобатро  аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ, ки рӯзи 27 январ баргузор мешавад, як гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳи дигар иборат се даста ташкил карда мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Равшани Кӯлоб” ҳангоми қуръакашии Ҷоми КФО-2021 дар сабади аввал буда, бешубҳа дар марҳилаи гурӯҳӣ бо намояндаи Ӯзбекистон бозӣ намекунад. Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта, "Хуҷанд" дар сабади сеюм ҳамроҳ бо "Аҳал"-и Туркманистон аст ва дар марҳилаи гурӯҳӣ рақибони “Хуҷанд” “Алтин Асир”-и Туркманистон, намояндаи Ӯзбекистон ва “Дордой” ё “Олой” аз Қирғизистон хоҳанд буд.
Дар минтақаи марказӣ, тибқи муқаррароти Ҷоми КФО, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бошанд. Агар “AГMK” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 дохил шавад, барандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон “Насафи” Қаршӣ дар Ҷоми КФО-2021 рақобат хоҳад кард. 
Ҳайати сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи марказӣ:
Сабади 1: “АГМК” (ё “Насафи” Ӯзбекистон), “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН).
Сабади 2: “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон).
Сабади 3: “ХУҶАНД” (ТОҶИКИСТОН), “Аҳал” (Туркманистон).
Сабади 4: “Алай” (Қирғизистон).