«Реал» ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст

«Реал» ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст

Дастаи “Реал” дар паркети худ дар доираи рақобатҳои чемпионати мавсимии Лигаи Аврупо оид ба баскетбол бо тими «Валенсия» рақобати оштинопазир нишон дод. Дар ин нерусанҷӣ баскетболбозони шаҳри Мадрид аз худ маҳорати баланд нишон дода, дастаи рақибро бо натиҷаи 111:99 мағлуб намуданд. Ин пирӯзии ҳафтуми пай дар пайи бошгоҳи шоҳона дар ин мусобиқа ба ҳисоб меравад.

Лигаи Аврупо

Чемпионати мавсимӣ

«Реал» (Испания) — «Валенсия» (Испания) — 111:99 (30:29, 23:20, 27:21, 31:29)