«Реал» аз фикраш гашт

«Реал» аз фикраш гашт

Сомонаи Marca хабар медиҳад, ки «Реал» дар равзанаи трансферӣ ягон касро ба ҳайаташ ҷалб намесозад. Бо сабаби хуруҷи вируси КОВИД-19 мадридиҳо ба мушкилии зиёди иқтисодӣ гирифтор шудаанд ва имкони анҷом додани хариди бузургро надоранд.

«Реал» дар он сурат дар бозори гузаришҳо фаъол мешавад, ки тимҳои дигар бозигарони ӯро харидорӣ кунанд ва аз ҳисоби маблағҳои фурӯши онҳо метавонад, ки бо нафаре шартнома бандад. Аммо аз ҳисоби он, ки маоши бозигарони бошгоҳи шоҳона калон аст, дастаҳои дигар низ мушкилоти иқтисодӣ доранд аз ҷалб сохтани футболбозони нав худдорӣ мекунанд.