“Реал” аз садди “Ливерпул” гузашта, роҳашро ба даври ¼ ниҳоии ЛЧ ҳамвор кард

Дар доираи бозиҳои ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳои Аврупо дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Ливерпул” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» -и шаҳри Мадрид доир шуда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба суди мизбонон хотима ёфт.
Ягона голро дар ҷараёни вохӯрӣ Карим Бензема ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар Ливерпул бо ҳисоби бузурги 5 бар 2 ба суди дастаи шаҳри Мадрид анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, дастпарварони Анчелотти бо ҳисоби умумии 6 бар 2 муқобили “Ливерпул” дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Лигаи Чемпионҳо | Даври 1/8-ниҳоӣ
«Реал»– «Ливерпул» 1:0. (бозии аввал: 5:2)
Гол: Бензема, 80
«Реал»: Куртуа, Карвахал (Васкес, 86), Рюдигер, Милитао, Начо, Модрич (Себалйос, 82), Кроос (Тчуамени, 84), Камавинга, Валверде, Бензема (Родриго, 82), Винисиус Ҷуниор (Асенсио, 84).
«Ливерпул»: Алиссон, Александер-Арнолд, ван Дейк, Конате, Робертсон, Милнер (Окслейд-Чемберлен, 73), Фабинйо, Салоҳ, Диогу Жота (Эллиотт, 57), Гакпо, Нунйес (Фирминйо, 57).