"Реал" – "Барселона"-ро ба нокаут фиристонд

"Реал" – "Барселона"-ро ба нокаут фиристонд

Дар доираи бозҳои даври 7-уми Ла Лигаи Испания ду абардастаи футболи Аврупо "Барселона" ва "Реал Мадрид", ки рақобат байни онҳо дар сайёра бо номи Эл-Класико машҳур аст,   рӯ ба рӯ шуданд. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи маъруфи "Камп Ноу" баргузор гардид. Рақобати дастаҳо шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби 1:3 ба фоидаи "Реал Мадрид" ба фарҷом расид.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-ум ниммуҳофизатгари уругвайии бошгоҳи шоҳона – Федерико Валверде боз намуд. Валверде аз партофти Бензема истифода карда, бо як зарбаи тирвор дарвозаи Неторо рахна сохт ва ҳисобро 0:1 ба нафъи "Реал" гардонид. Хурсандии шогирдони Зидан дер давом накард, зеро футболбозони "Барселона" пас аз 3 дақиқа голи ҷавобиро ба ҳадаф расониданд. Муаллифи гол футболбози 17-солаи "Каталониҳо" – Ансу Фати гардид. Дар қисми аввали бозӣ ҳисоб тағйир наёфт ва дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 ба танаффус рафтанд. Аз шурӯъи нимаи дуюми бозӣ "гаразмониҳо" бартариро ба даст гирифта, ҳамлаҳои пай дар пайро ҷониби дарвозаи ҳариф созмон медоданд. Ҳамин фаъолии онҳо буд, ки дар дақиқаи 63-ум футболбозони "Барселона" маҷбур шуданд қойидаи бозиро дар дохили ҷаримагоҳи худ бар муқобили Серхио Рамос вайрон кунанд. Пас аз ин қойдавайронкунӣ довар ҷониби дарвозаи "Барселона" ҷаримаи 11 метра таъйин намуд. Пеналтиро капитани "Реал" – Серхио Рамос самаранок истифода бурда, тӯбро ба кунҷи дарвозаи Нето ворид намуд ва дубора дастаи "Реал"-ро ба пеш баровард. Голи ғалабаоварро дар дақиқаи охирини вақтии асосии бозӣ нимҳимоятгари "Реал" – Лука Модрич ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр, бошгоҳи шоҳона бо ҳисоби 1:3 рақиби сарсахти худ – "Барселона"-ро дучори шикаст намуд.

Пас аз ин ғалаба бошгои "Реал Мадрид" ба садри ҷадвали мусобиқа баромад. Дастаи "Барселона" бошад, дар зинаи 10-ум қарор гирифт.

Чемпионати Испания. Даври 7-ум

«Барселона» — «Реал» — 1:3 (1:1) 

Голҳо: Валверде, 5 (0:1). Фати, 8 (1:1). Серхио Рамос, 63 —аз пеналти (1:2). Модрич, 90 (1:3). 

«Барселона»: Нето, Дест, Пике, Лангле, Жорди Алба (Брэйтуэйт, 88), Педри (Дембеле, 82), Бускетс (Тринкан, 82), де Йонг, Коутиню, Фати (Гризманн, 82), Месси. 

«Реал»: Куртуа, Начо (Васкес, 43), Варан, Серхио Рамос, Менди, Валверде (Модрич, 69), Каземиру, Кроос, Асенсио (Родригу, 81), Бензема, Винисиус Жуниор.

Огоҳишудагон: Каземиру, 19. Лангле, 29. Начо, 37. Жорди Алба, 62. Месси, 90+1.

Довар: Мартинес Мунуэра.

24-уми октябр. Барселона. Варзишгоҳи «Камп Ноу».