“Реал” беҳтарин футболбози ҷавони мавсими гузаштаи Ла Лигаро харидорӣ кард
Бошгоҳи «Реал Мадрид» аз гузариши расмии ҳамлагари ҷавони испанӣ Карлос Эспи аз ҳайати «Леванте» хабар дод. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи шаҳри Мадрид хабар додааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, Эспии 21-сола бо «Реал Мадрид» то 30-юми июни соли 2031 шартнома ба имзо расонидааст.
Ба иттилои расонаҳои испанӣ, роҳбарияти «Реал Мадрид» барои анҷоми ин трансфер банди махсуси озодкунии футболбозро фаъол намуда, барои ӯ 25 миллион евро пардохт кардааст.
Карлос Эспи дар се мавсим дар ҳайати «Леванте» дар маҷмӯъ 66 бозӣ анҷом дода, 20 гол ба самар расонидааст. Ӯ инчунин дар мавсими гузашта, ҳамчун беҳтарин футболбози то 23-солаи Ла Лига эътироф гардида, яке аз умедбахштарин истеъдодҳои футболи Испания ба шумор меравад.
Роҳбарияти «Реал Мадрид» умедвор аст, ки Эспи дар солҳои наздик ба яке аз ситораҳои асосии хати ҳамлаи даста табдил хоҳад ёфт.