«Реал» бо шиддат «Атлетико»-ро таъқиб мекунад

«Реал» бо шиддат «Атлетико»-ро таъқиб мекунад

Дар бозии даври 36-уми Ла Лига, дастаи “Гранада” дар майдони худ “Реал Мадрид”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Лос-Карменес» баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:4 хотима ёфт. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Реал» соҳиби 78 хол гардида, дар зинаи дуюм ҷой гирифт. Дастаи «Атлетико» бошад, 80 хол дораду пешсафиро ба худ ихтиёр кардааст.

Чемпионати Испания. Даври 36-ум

«Гранада» — «Реал» — 1:4 (0:2)

Голҳо: Модрич, 17 (0:1). Родригу, 45+1 (0:2). Хорхе Молина, 71 (1:2). Одриосола, 75 (1:3). Бензема, 76 (1:4).

«Гранада»: Силва, Фулькье, Кини, Дуарте, Х.Санчес (Перес, 81), Гоналон, Вико (Суарес, 54), Брайс (Марин, 67), Хорхе Молина, Мачис (Соро, 54), Пуэртас (Кина, 67).

«Реал»: Куртуа, Начо, Гутйеррес, Эдер Милитау, Модрич, Каземиру, Валверде (Иско, 62), Бензема (Диас, 78), Винисиус Жуниор (Азар, 62), Родригу (Асенсио, 62), Парк (Одриосола, 46).