"Реал" боз "Барселона"-ро мағлуб кард

"Реал" боз "Барселона"-ро мағлуб кард

Ситораҳои "Реал Мадрид" ҳамтоёни худ аз "Барселона" -ро дучори бохт карданд. Санаи 20-уми июл дар варзишгоҳи "Блумфилд"-и Тел-Авив бозии ситораҳои собиқадори "Барселона" ва "Реал Мадрид" баргузор шуд. Пирӯзиро дар бозии дӯстона собиқадорони бошгоҳи Мадрид ба даст оварданд - 3: 2. Аз ҳайати "Барселона" голҳоро Роналдинйо (пеналти) ва Ҷофре Матеу ба самар расониданд. Голҳои "Реал"-ро Педро Мунитс, Алфонсо Перес ва Рубен Де ла Ред заданд.