“Реал” боз садди роҳи “Атлетико” дар Лигаи Чемпионҳо шуд

“Реал” боз садди роҳи “Атлетико” дар Лигаи Чемпионҳо шуд

Бозии ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Атлетико” ва “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Метрополитано” дар шаҳри Мадриди Испания бозӣ карданд. Бозиро ҳайати доварон аз Полша таҳти роҳнамоии Шимон Марчиняк идора карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими “Атлетико” анҷом ёфт вале дар зарбаҳои пеналтӣ тими “Реал Мадрид” бо ҳисоби 4 бар 2 зафар ёфт.

Ғалабаи “Атлетико”-ро дар вақти асосӣ нимҳимоятгари англис Конор Галлаҳер таъмин кард, ки дар дақиқаи аввал гол зад. Вақти асосӣ бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ гол зада нашуд. Дар зарбаҳои пеналтӣ тими шоҳонаи “Реал Мадрид” аз панҷ кӯшиш чортоашро ба гол табдил дода, пешгом шуд. Пеналтии охир ва ғалабаоварро ҳимоятгар Антонио Рюдигер ба самар расонд. Кӯшиши Хулиан Алварес ба сабаби ламси дукарата тӯб нодида гирифта шуд ва нимҳимоятгар Маркос Лйоренте низ ба дарвоза гол зада натавонист. Танҳо капитани “Реал Мадрид” Лукас Васкес натавонист, ки аз пеналтӣ гол занад.

Вохӯрии аввал байни дастаҳо бо ғалабаи соҳибони майдон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд. Голҳоро Родриго , Браҳим Диас (ҳарду “Реал”) ва Хулиан Алварес (“Атлетико”) заданд.

Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид” ба даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт. Дастаи Карло Анчелотти дар даври баъдӣ бо тими “Арсенал”-и Лондон, ки дар маҷмӯъ бар “ПСВ Эйндховен” бо ҳисоби 9:3 пирӯз шуд, вомехӯрад.