«Реал» кай қаҳрамони Испания мешавад?

«Реал» кай қаҳрамони Испания мешавад?

Пирӯзии “Барселона” бар «Вилярреал» ва “Эспанйол” қаҳрамонии “Реал”-ро дар Ла Лига боз мавқуф гузошт. Ҳоло тафовут байни “Барса” ва “Реал” дар ҷадвали Ла Лига ҳамагӣ як имтиёзро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки ҳоло “Реал” аз “нилунориҳо” як бозӣ кам анҷом додааст ва дар сурати пирӯзӣ бар тими “Алавес” боз тафовути имтиёзҳо 4 холро дар бар мегирад. Дар сурати пирӯзии “Реал” бар тими «Алавес», ва «Гранада» ва нокомии “Барса” бар дастаҳои «Валядолид» ва “Осасуна”, онгоҳ “гаразмониҳо” дар Ла Лига қаҳрамон мешаванд. Агар “Барселона” дар ҳамаи бозиҳои боқимондааш пирӯз шавад, “Реал” рӯзи 16-уми июл дар бозӣ бо “Вилярреал” қаҳрамон мешавад.