“Реал Мадрид” ғалабаи 25-умашро дар Ла Лига ба даст овард
Бозии даври 36-уми чемпионати Испания миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Реал Овйедо” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Голи аввалро дар охири қисми аввали бозӣ, дар дақиқаи 44-ум ҳамлагари ҷавони “Реал” Гонсало Гарсия ба самар расонд. Браим Диас паси головар анҷом дод.
Дар дақиқаи 69-ум Килиан Мбаппе ба майдон баромад ва баъди чанд дақиқа тавонист худро нишон диҳад. Дар дақиқаи 80-ум нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем пас аз паси головари Мбаппе голи дуюми “Реал”-ро зад.
Пас аз ин пирӯзӣ “Реал” бо 80 имтиёз мавқеи дуюмро дар ҷадвали Ла Лига нигоҳ дошт. “Овйедо” бошад, бо 29 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал қарор дошта, пеш аз муҳлат аз Ла Лига хориҷ шуд.