“Реал Мадрид” ба дарвозаи “Қайрат” 5 голи беҷавоб зад

“Реал Мадрид” ба дарвозаи “Қайрат” 5 голи беҷавоб зад

Дар бозии даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Қайрат”-и Алмаато ва “Реал Мадрид” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Алмати Орталик” дар шаҳри Алмаато дар ҳузури 22 788 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 5 бар 0 ба суди “Реал Мадрид” фарҷом ёфт.

Дастаи “Қайрат”-и Алмаато бори аввал дар таърихи худ роҳхати Лигаи чемпионҳоро соҳиб шуд ва бори аввал дар таърих бо тими “Реал Мадрид” бозӣ кард.

Оғози бозӣ барои “Реал Мадрид” душвор афтод, лек дар идома шогирдони Хаби Алонсо ба дарвозаи тими “Қайрат” 5 голи беҷавоб заданд.

Килиан Мбаппе хет-трик, Эдуард Камавинга ва Браҳим Диас голҳоро аз ҳайати “Реал Мадрид” ба самар расониданд. Мбаппе беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар даври ояндаи Лигаи чемпионҳо “Реал Мадрид” бо “Ювентус” рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Мадрид бозӣ мекунад. “Қайрат” бо тими “Пафос” рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Алмаато вомехӯрад.