“Реал Мадрид” ба рекорди худ наздик шуд

“Реал Мадрид”  ба рекорди худ наздик шуд

Дар доираи даври аввали Чемпионати Испания дар мавсими 2022/2023 «Реал Мадрид» дар сафар бо «Алмерия» вохӯрд. Дар ин дидор  дастпарварони  Карло Анчелотти бо ҳисоби 2:1  ғалаба ба даст оварданд.

Тибқи иттилои MisterChip, бошгоҳи шоҳона  бо дастоварди  рекордии худ  наздик шуд.  Бори охир  мадридиҳо   дар даври аввали Ла Лига ҳанӯз соли 2008 аз "Депортиво" мағлуб шуда буданд (1:2). Аз он лаҳза инҷониб дастаи шаҳри Мадрид 14 сол боз мусобиқаро  бо мусовӣ ё пирӯзӣ оғоз мекунад.

Ин дуввумин силсилаи дарозтарин дар Испания аст. Рекорд инчунин ба  худи дастаи "Реал Мадрид"  тааллуқ дорад. Дастаи Мадрид дар оғози Ла Лига , 16 мавсим - аз соли 1961 то 1976 мағлуб нашуда буд.