“Реал Мадрид” ба Винисиус шартномаи нав пешниҳод намудааст
Бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” ба бозигари бразилияш Винисиус шартномаи нав пешниҳод мекунад.
Роҳбарияти бошгоҳи “Реал Мадрид” пешниҳоди худро ба ҳамлагари бразилӣ Винисиус Жуниор дар бораи шартномаи нав беҳтар кардааст.
Тибқи иттилои ESPN музокирот байни дастаи шаҳри Мадрид ва ин бразилии 26-сола бори аввал дар муддати тӯлонӣ барои тамдидкунии шартнома наздик шудаанд. Ба Винисиус шартномаи нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он ҳамлагар дар як сол тақрибан 22 миллион евро ба даст меорад. Қобили зикр аст, ки дар ВАО овозаҳо паҳн шудаанд, ки “Арсенал”-и Лондон тобистони имсол ба харидории ин бозигари бразилӣ таваҷҷӯҳ дорад ва омода аст, ки барои ин бозигар тақрибан 140 миллион евро пардохт кунад.
Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта Винисиус Жуниор дар Ла Лигаи Испания 36 бозӣ дар сафи “Лос Бланкос” анҷом дода, 16 гол ва панҷ ассист дар номаш дорад.