“Реал Мадрид” ғолиби Ҷоми байниқитъавӣ-2024
Финали бозии Ҷоми байниқитъавӣ-2024 миёни дастаҳои “Реал Мадрид”-и Испания ва “Пачука”-и Мексика ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил Иконик” шаҳри Доҳаи Қатар баргузор гардид. Ин бозӣро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Хесус Валенсуэла аз кишвари Венесуэла доварӣ карданд. “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3 бар 0 бар “Пачука”-ро шикаст дода, соҳиби ҷоми қаҳрамонӣ гардид.
Дар дақиқаи 38-уми бозӣ ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе аз паси Винисиус Ҷуниор истифода бурда, ҳисобро боз кард. Ҳамлагари “Реал Мадрид” Родриго дар дақиқаи 53-юм ҳисобро дуболо намуд. Паси голӣ ба номи Мбаппе сабт шуд. Винисиус дар дақиқаи 84-ум аз пеналтӣ нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ гузошт.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа дастаи “Пачука” бар “Ботафого”-и Бразилия бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Дар даври нимниҳоӣ “Пачука” аз “Ал-Аҳлӣ”-и Миср (0:0, 6:5 пеналтӣ) пурқувваттар баромад. “Реал” сафари худро дар ин мусобиқа фавран аз финал оғоз кард.
Ҷоми байниқитъавӣ як мусобиқаест, ки аз ҷониби ФИФА байни ғолибони мусобиқаҳои бошгоҳҳои ҳар як аз шаш конфедератсия ва қаҳрамони кишвари мизбон баргузор мешавад.