“Реал Мадрид” – ғолиби Суперҷоми Испания

“Реал Мадрид” – ғолиби Суперҷоми Испания

12-уми январ дар майдони “Шоҳ Абдулло”–и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ рақобати ниҳоии Суперҷоми Испания баргузор гардид. Дар он дастаҳои мадридии “Реал” ва “Атлетико” бо ҳам рақобат карданд. Ин дар ҳолест, ки ғолиби чемпионати Испания бошгоҳи “Барселона” ва ғолиби Ҷоми Испания – “Валенсия” буд. Аммо соли ҷорӣ ин мусобиқот бо формати нав баргузор гардид, ки дар он 4 дастаи беҳтарини мавсими гузашта дар Испания ширкат карданд. “Реал” бо шикаст додани “Валенсия” ва “Атлетико” бо пирӯз гардидан бар “Барселона” ба финал баромаданд.

Аз дақиқаҳои аввали рақобат бартарӣ дар бозӣ аз як даста ба дастаи дигар мегузашт ва ҳарду лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд. Аммо вақти асосӣ ва қисмҳои иловагӣ бидуни гол хатм шуданд. Ғолибро силсилаи пеналти муайян кард. Ин қисми ҳалкунандаи бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи шогирдони Зидан анҷом ёфт.

Ҳамин тавр “Реал Мадрид” ғолиби Суперҷоми Испания шуд ва ин ҷоизаро барои 11-ум бор ба даст овард.