“Реал Мадрид” ҷойгузини Ҷуд Беллингемро пайдо кард

“Реал Мадрид” ҷойгузини Ҷуд Беллингемро пайдо кард

Бошгоҳи “Реал Мадрид” имкони ҷалби нимҳимоятгари аргентинии дастаи “Челси” - Энсо Фернандесро дар сурати эҳтимоли тарки даста кардани Ҷуд Беллингем пас аз анҷоми мавсими ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар ин бора нашрияи Caught Offside хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир бошгоҳи шоҳона нақшаи мушаххаси рафтани наздики Беллингемро надоранд, аммо эҳтимоли чунин сенарияро низ рад намекунанд. Дар “Реал Мадрид” бар он назаранд, ки Энсо Фернандес қобилияти ба уҳда гирифтани нақши роҳбарикунандаро дар ҳайати даста дорад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷуд Беллингем аз тобистони соли 2023 дар ҳайати “Реал Мадрид” ҳунарнамоӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгари англис дар ҳамаи мусобиқаҳо 28 бозӣ анҷом дода, 6 гол ва 4 паси головар сабт намудааст. Шартномаи амалкунандаи ӯ бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 эътибор дорад.

Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории Беллингем дар ҳоли ҳозир ба 160 миллион евро баробар аст.