"Реал" натавонист ба “Атлетико” наздик шавад

"Реал" натавонист ба “Атлетико” наздик шавад

Дар доираи даври 25-уми Ла Лига “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи “Алфредо Ди Стефано” бо “Реал Соседад” рӯ ба рӯ шуд. Бозӣ бо бартарии мизбонон оғоз гардид. Дар як ҳуҷум ду футболбоз – Мариано Диас ва Марко Асенсио имконияти голзаниро доштанд, аммо сараввал тӯб ба тири дарвоза бархурд ва баъдан Асенсио зарбаи ноаниқ зад. Бо бартарии мадридиҳо қисмати якум ба анҷом расид.

Даҳаи оғозбахши қисмати дуюм бо бартарии меҳмонон паси сар шуд. Дар дақиқаи 55-ум Порту пас аз партофти Монреал аз канор бо сар тӯбро вориди дарвозаи Тибо Куртуа кард. Зинедин Зидан барои бозиро наҷот додан ба майдон Винисиус, Валверде ва Родригоро баровард. Фишори “Реал” зиёд гардида, дар дақиқаи 88-ум Винисиус ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаҳои боқимонда мизбонон дигар гол зада натавонистанд ва бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.

“Реал Мадрид” дар сурати ғалаба кардан метавонист ба зинаи дуюм баромада, тафовути имтиёзҳои худро аз “Атлетико Мадрид” ба 3 хол расонад. Айни ҳол дар ҳисоби “Реал” 53 имтиёз буда, даста дар мақоми сеюм аст. Бозии ояндаи худро “Реал Мадрид” бар муқобили “Атлетико Мадрид” мегузаронад.