“Реал” омодагиҳоро барои трансфери Ҳоланд оғоз кардааст

“Реал” омодагиҳоро барои трансфери Ҳоланд оғоз кардааст

Cadena SER иттилоъ медиҳад, ки “Реал” бо корҳои омодагӣ барои интиқоли эҳтимолии ҳамлагари “Манчестер Сити” - Эрлин Ҳоланд машғул аст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи шаҳри Мадрид аз рӯи стратегияе амал мекунад, ки ҳангоми гуфтушунид оид ба интиқоли Ҷуд Беллингем аз «Боруссия» пайравӣ карда буд. Худи Беллингем низ бо норвегӣ дар бораи кӯчидан ба “Реал Мадрид” сӯҳбат мекунад.

Ҳоло "Реал" бо атрофиёни Ҳоланд музокира мекунад ва тавассути миёнаравҳо бо "Манчестер Сити" тамос дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари 23-сола аз тобистони соли 2022 дар тими “Манчестер Сити” бозӣ мекунад. Дар мавсими имсола дар ҳайати «шаҳриҳо» дар тамоми мусобиқот 22 бозӣ карда, ба задани 19 гол ва 5 партофти головар ноил гардидааст.

Портали Transfermarkt арзиши Ҳоландро 180 миллион евро арзёбӣ кардааст.